- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Конференсияи байниидоравӣ оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020”

Санаи 13 март дар Китобхонаи миллӣ дар ҳамкории якҷояи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Дафтари Барномаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар ш. Душанбе Конференсияи байниидоравӣ оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020” ва омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати таҳияи Барномаи нав барои давраи солҳои 2021-2025 баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои илмии кишвар, ҳамзамон хабарнигорони якчанд нашрияҳои ҷумҳуриявӣ, шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии Тоҷикистон иштирок намуданд.  

Кори конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Назарзода Зарина оғоз гардид. Дар маърӯза қайд гардид, ки доштани донишҳои экологӣ имкон медиҳад, ки инсонҳо нисбат ба муҳити зисти худ ғамхорӣ зоҳир намоянд, зеро солимии ҷомеа аз муҳити солим вобаста аст. Ҳамчунин ба кори Комиссияи байниидоравӣ баҳои мусбат дода, изҳори умедворӣ намуд, ки иштирокчиён аз вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи Барномаи нав барои солҳои 2021-2025 таклифу пешниҳодҳои худро ворид менамоянд.

Сипас сардори Департаменти иқтисодию экологии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Филиппо Кривеларро дар хусуси ҳамкориҳои судманди САҲА бо Кумита изҳори назар намуда, аз ҷумла татбиқи Конвенсияи Орхусро тавассути фаъолияти Марказҳои Орхус дар қаламрави кишвар намунаи барҷастаи ҳамкориҳои судманд арзёбӣ намуд. Зимни маърӯза қайд карда шуд, ки САҲА масъалаҳои экологиро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, лоиҳаҳои барномаи экологии ин Дафтар ба сайқал додани амнияти экологӣ дар Тоҷикистон равона шудаанд.  

Сардори Маркази ахбори экологии Кумита Гулрухсор Тиллоева дар мавзӯи “Ҷамъбасти натиҷаҳои татбиқи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020” ва доир ба зарурати таҳияи Барномаи нав ва муайян намудани самтҳои асосии фарогири он тариқи рӯйнамо баромад кард.

Намояндаи Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе Муҳаббат Камарова дар мавзӯи Саҳми Дафтари барномаҳои САҲА дар татбиқи “Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020” тариқи рӯйнамо ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд.

Қобили зикр аст, ки муовини Раиси ВМКБ Носирзода, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва вилояти Хатлон дар мавзӯи “Мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи нақша-чорабиниҳои Барнома дар маҳалҳо, таҳлили натиҷаҳои бадастовардашуда дар ин самт ва пешниҳодҳо барои Барномаи нав” маърӯза намуданд. Ҳамзамон ҳозирин маърӯзаи намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзӯи “Нақши васоити ахбори омма дар тарғиби донишҳои экологӣ, тарбияи тафаккури зеҳнии ҷомеа оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, ҳалли мушкилоти экологӣ дар ҷумҳурӣ” шуниданд.

Ташкилкунандагон ва иштирокчиёни конфронс изҳори умедворӣ намуданд, ки Барномаи наве, ки таҳия  мегардад, барои ҳаллу фасли он масъалаҳое равона мегардад, ки дар Барномаи қаблӣ вуҷуд надошт.      

 

Иловаи шарҳ