- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Ободонии муҳити зист дар шаҳри Турсунзода

Аз ҷониби Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва ҷалби шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист, инчунин амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани маъракаи умумишаҳрии кабудизоркунӣ ва ободонӣ дар давраи солҳои 2019-2020, нақшаи баргузории аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил-2020» дар ҳамкорӣ бо корхонаву ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди шаҳр як қатор корҳои ободонӣ амалӣ карда шуд.

 Дар доираи баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Турсунзода таҳти шиори «Саҳми ман дар шаҳри ман» ҳашари умумӣ бо иштироки ҷавонон баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ба ҳашар баромада, шафати роҳро аз партовҳои гуногун тоза намуданд. Инчунин, атрофи дарахтони ороишӣ нарм ва қитъаҳои гулкорӣ аз алафҳои бегона тамиз гардид.

Бо мақсади иҷрои нақшаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ таҳти шиори «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардида, дар маркази шаҳр, ҳудуди шоҳроҳ ва ҷамоатҳои деҳот беш аз 300 ниҳоли дарахтони сояафкан, гулҳои садбарг ва дигар гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Дар маркази шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ корҳои ободонӣ ҷараён гирифта, нарму сафед намудани атрофи дарахтони ороишиву сояафкан, шинонидани гулҳои гуногун ва тоза кардани қитъаҳои гулкорӣ амалӣ гардида, беш аз 75 ниҳоли арча шинонида шуд.

Дар деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Регар бо ташаббуси шуъба ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони деҳа дар соҳили дарёи Ширкент ҳашари соҳилмустаҳкамкунӣ доир гардид. Корҳои ободонию сабзгардонӣ бомаром идома дорад.

Иловаи шарҳ