- Хабарҳо

Конференсияи илмӣ-адабӣ дар шаҳри Кӯлоб

Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба иттилоъи Шумо мерасонад, ки дар рӯзи 11 марти соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб бо якҷоягии Бозрасӣ Конференсияи илмӣ – адабӣ дар мавзӯи «Об ганҷи бебаҳо» бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» гузаронида шуд.

Дар Конференсияи мазкур зиёда аз 200 нафар устодон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ иштирок намуданд, ки ба иштирокчиёни Конференсия аз тарафи Бозрасӣ буклетҳо дар васфи рӯзи умумиҷаҳонии об ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дастрас гардид.

Иловаи шарҳ