Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ иттиолоъ медиҳад, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2019, №16/-50 вобаста ба тарғиби ҳунарҳои мардумӣ дар доираи солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади ҳавасманд гардонидани бонувони ризокори шаҳри Хоруғ, ки дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ободонию кабудизоркунии маҳаллаҳо, ҷамоатҳо саҳми арзандаи худро мегузоранд, онҳо ба сайёҳати ноҳияи Шуғнон ва дидан намудан аз чашмаи «Носир» ва Осорхонаи мавзеи мазкур раҳнамун гардиданд. Ҳамзамон дар мавзӯъҳои вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» семинарҳои бозомӯзӣ ташкил гардид, ки дар он ассотсиатсияи истифодабарандаи «Об-Умед» иштирок намуд.
Мақсади асосии семинар маълумотрасонӣ оид ба обҳои шифобахш ва ошомиданӣ, тоза нигоҳ доштани оби дарёҳо, ҳифзи пиряху кӯлҳо ва дигар манбаъҳои обии вилоят мебошад.














