- Обуҳавошиносӣ

Аксияи «Тозагии соҳил-2019» дар шаҳри Турсунзода бомаром идома дорад

Бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи ҷаҳонии об (22-март), дар доираи Нақша-чорабиниҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» чорабиниҳои мушаххас, аз қобили аксияи «Тозагии соҳил-2019», мизи мудаввар, семинару конфронс ва вохӯриҳо дар маҳал баргузор гардида, тариқи воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизонҳои ҷумҳурӣ ва сайти Кумита инъикос гардиданд.

Ҷиҳати гузаронидани аксияҳои экологии «Тозагии соҳил-2019» ва «Тозагии маҳал-2019», тибқи Амри раиси шаҳри Турсунзода аз 28 январи соли 2019, №21 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, солимгардонии муҳити зист, ба талаботҳои санитарию экологӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодаи манзилҳои шаҳри Турсунзода гузаронида шуда истодааст.

Дар ҳашарҳои умумии «Тозагии соҳил-2019» 800 нафар шаҳрвандони шаҳри Турсунзода фаъолона иштирок карда, 43 м3 партовҳои ҳархелаи сахти маишии рӯзғор аз соҳили дарёҳои Қаратоғу Ширкент, каналу ҷӯйҳои дигари ҳудуди шаҳр тоза ва ба партовгоҳҳои асосии шаҳр бароварда шуд. Дар ин чорабиниҳои солимгардонии муҳити зист беш аз 8 адад техникаҳои борбардору боркаш, воситаҳои нақлиёти хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода гардид. Дар натиҷа 1800 метр каналу заҳкаш 650 метр ҷӯйборҳои дохили маҳаллаҳо дар ҷамоатҳои деҳот ба тариқи ҳашар тоза карда шуд.

Рафти баргузории чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ин ҳашарҳои  дастаҷамъона тариқи воситаи ахбори оммаи маҳалӣ ва ҷумҳуриявӣ тарғибу ташфиқ карда шуд.

Иловаи шарҳ