- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баррасии масъалаҳои соҳавӣ дар маҷлиси навбатии ҳафтаинаи Раиси Кумита

2 марти соли ҷорӣ масъалаҳо оид ба супоришҳои протоколии қаблии маҷлисҳои назоратии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи тартиби муайянгаштаи рӯзномаи маҷлис Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон  ба кори маҷлис оғоз бахшида, сипас ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷураев А.Ш., оид ба фаъолияти назорати давлатӣ, самти маърифатбахшию иттилоърасонии экологии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои коргузории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар моҳи сипаришуда, тибқи вазифагузориҳои протоколҳои  қаблӣ, шунида шуд.

Дар ҳисобот қайд карда шуд, ки нишондодҳои самтҳои назоратии давлатӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба моҳи қаблӣ хуб шуда бошад ҳам камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд.

Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумита баромад намуда, изҳори нигаронӣ карда, дар ин зимн сабабҳои масъалаи мазкурро аз сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ пурсон шуд. Ҳамзамон Раиси Кумита супориш дод, ки сабабҳои  пешниҳод нагаштани ҳисоботи ҳафта аз ҷониби баъзе  шуъбаву  бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳоро омӯхта,  оид ба масъалаи мазкур талаб ва барои андешидани чораҳо пешниҳод карда шавад.

Дар маҷлис, инчунин масъалаҳои маърифатбахшӣ ва иттилоърасонии экологии аҳолӣ, тартиби дурусти корбарии бахши робитаҳои байналмилалии Кумита  ва маълумоти саривақтию дурусти обуҳавошиносӣ ба аҳолӣ, дигар масъалаҳои марбута мавриди муҳокима ва пурсиш қарор дода шуд.

Аз рӯи масъалҳои муҳокимагардидаи рӯзномаи маҷлис қарори дахлдор қабул гардид. 

Иловаи шарҳ