- Хабарҳо

Вохӯри бо корхонаҳои коркарди регу шағал дар шаҳри Турсунзода

Санаи 18 феврали соли 2020 бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истихроҷи дурусти канданиҳои фоиданоки маъмул дар соҳили дарёи Ширкент бо иштироки муовинои соҳавии раиси шаҳр Долизода Ҳ., сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Раҳмонов Л. ва масъулини корхонаҳои коркарди регу шағал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ таъкид шуд, ки мутассифона баъзе аз корхонаҳо ҳангоми истихроҷи сангу шағал аз меъёри муқарраргардидаи иҷозатномаи истифодабарӣ дар маҷрои об фаъолият менамоянд, ки ин амал ба вайроншавии маҷро ва риоя накардани корҳои истихроҷӣ оварда мерасонад. Мушкилӣ дар он аст, ки ҳангоми фасли бориш ва обхезиҳо натиҷаи манфӣ бабор оварда, боиси аз маҷро баромадани об ва расониди зарари экологӣ ба хоҷагии халқ боис мегардад. Дар ин замина таъкид гардид, ки соли 2019 барои вайрон кардани талабот ва қонунвайронкунӣ дар ин самт нисбати 16 нафар шаҳрвандон протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

  Аз ин рӯ даъват ба амал оварда шуд, ки корхонаҳо дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, риояи талобот ва  меъёрҳои экологӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати пешгиррии вайроншавии соҳил ва маҷро корҳои судмандро ба анҷом расонанд.

Иловаи шарҳ