- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузоррии шанбегӣ дар ноҳияи Балҷувон

Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳаллаҳои аҳлинишин ва назди биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо санаи 15 феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Балҷувон ноҳия дар якҷоягӣ бо кормандони ташкиллоту муассисаҳо шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки тамоми кӯчаю роҳравҳои маҳаллаҳо аз партов тоза карда шуда, бехи дарахтону гулу гулбуттаҳо нарм карда шуданд.

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия иқдом гирифтааст, ки чунин шанбегиҳоро ҳар ҳафта дар якҷоягӣ бо аҳолӣ гузаронида, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо саҳми худро гузоранд.

Иловаи шарҳ