- Хабарҳо

Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Айнӣ

Баҳри таъмини иҷрои талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» тибқи тартиби муқарраргардида санаи 24.01.2020 сол дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ амалиёт гузаронида шуд.

Дар натиҷа ҳолати истихроҷи ғайриқонунии қуми табиӣ аз соҳили Фондарё, наздикии пули Зарафшон-2 аз тарафи ронанда Соатов Ҳоҷимурод, сокини ноҳияи Айнӣ, деҳаи Зоосун ошкор карда шуда,  барои риоя накардани талаботҳои қонунгузорӣ нисбати Соатов Ҳ. протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Иловаи шарҳ