- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Рейдҳои муштарак бо Шуъбаи Раёсати экологии ВКД

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамкории  муштарак бо Шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе чиҳати беҳбуд бахшидан ба ҳифзи ҳавои атмосфера силсила рейдҳоро дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ намуда истодааст.

Тибқи нақша-чорабиниҳои муштарак рейд дар нуқтаҳои даромадгоҳи чор самти шаҳри Душанбе ва кӯчаву хиёбонҳои протоколӣ доир мегарданд.

Мушоҳидаҳои ҳаракати нақлиёт нишон медиҳанд, ки аксари ронандагон ва масъулини сохтмонҳо қоидаҳои тозагии саллачархҳои воситаҳои нақлиётро, ки ҳангоми ҳавлу нақли боркашонӣ боиси ифлос гардидани кӯчаҳо ва нороҳатии мусофирон мегардад, риоя намекунанд. Ҷиҳати рафъи ҳолати мавҷуда нисбати 30 ронандагони воситаи нақлиёт парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Чунин ҳолат на танҳо дар иншоотҳои сохтмонӣ балки ҳангоми воридшавии воситаҳои нақлиёт ба пойтахт низ мушоҳида мегардад.

Ҳамзамон, ҳангоми гузаронидани санҷиши воситаҳои нақлиёт, ки заҳрнокии партови сӯзишвории нақлиёташон (CO2) аз меъёр зиёд аст, нисбати ронандагон 351 протокол тартиб дода, барои чораҷӯи ба мақомоти дахлдор ирсол гардид.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҷараёни гузаронидани чунин рейдҳо дар соли 2019 бо Шуъбаи Раёсати экологӣ ва саёҳии ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе 275 адад қонунвайронкуниҳоро дар самти муҳити зист ошкор ва парвандаҳои маъмурӣ тартиб дод.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе тибқи нақша-чорабиниҳои муштарак тасмим гирифтааст, ки дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ чунин рейдҳои фавриро бо Шуъбаи Раёсати экологӣ ва саёҳии ВКД ҶТ ба роҳ монда, нисбати қонуншиканиҳои ошкоршуда дар самти муҳити зист чораҳои таъхирнопазир андешад.

Иловаи шарҳ