- Хабарҳо

Мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бахшида ба Иди байналмилалии «Наврӯз»

Дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба таҷлили сазовори  Иди байналмилалии  «Наврӯз» дар ду майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар шаҳраки 82, хиёбони Нусратулло  Махсум, назди биноҳои  истиқоматии 73/2 ва 73/, инчунин дар кӯчаи 40-солагии Ғалаба, назди биноҳои истиқоматии 1/1, 1,2 ва 1/3, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудаанд, аз рӯи намудҳои футбол, фолейбол, баскетбол, туби дастӣ, шашка ва шоҳмот байни ҷавонону наврасон мусобиқаи варзишӣ доир гардид.

Дар ташкил ва баргузории мусобиқаҳои варзишӣ намояндагони мақомоти кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ, бо аҳли ҷамоати маҳалла саҳм гузоштанд. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Қабл аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бо ҷалби сокинони маҳаллаҳои номбурда дохили майдончаҳо ва ҳудуди гулгашти атроф тозаву озода ва барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи дастаҳо омода карда шуд. Иштирокдорон бо як рӯҳияи баланди идона ба дастаҳои «Наврӯз» ва «Баҳор» байни ҳам сабқат намуданд. Доварон рафти  мусобиқаро аз рӯи намудҳо зери назорати худ гирифта, дар интиҳо ғолибонро муайян карданд.  

Ғолибони мусобиқаҳо бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд. 

Иловаи шарҳ