- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ҷиҳати тозаву обод намудани муҳити зист, ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар селроҳаҳои «Исфанасой»-и ҷамоати деҳоти Ғулакандоз селроҳаи «Томчисой»-и ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Дар аксия  4 адад техника истифода бурда шуда, зиёда аз 500 нафар ҳашарчиён аз ҷумла,  намояндагони соҳаи маориф, аҳолии деҳаҳои Ғулакандоз, ҷамоати Сомониён иштирок намуда, 28 м3 партовҳо ба пратовгоҳӣ расмӣ бароварда шудааст.

Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия бо маром идома хоҳад ёфт.   

 

Иловаи шарҳ