- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен

Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани  30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳои ободонию созандагӣ  идома дорад.

Дирӯз бо иштироки Раиси ноҳия А.Сулаймонзода ва намояндагони дигар сохторҳои мақомоти маҳаллии ноҳия дар шоҳроҳи Хуҷанд – Душанбе ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев дарахтони ороишию ҳамешасабз, арча, 8 ҳазор дона гули лола шинонида шуд.  Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен аз ҳисоби бахш 1,5 ҳазор адад дарахтони сада харидорӣ карда шуда, ба  ҷамоати деҳоти Хаштяк, деҳаи навбунёди Навандарсой тақсим карда шудааст.

Иловаи шарҳ