- Хабарҳо

Омӯзиши матни Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумита

Тибқи Барномаи семинарҳои бозомӯзии Кумита дар бораи нуктаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 дар семинари бозомӯзӣ, ки 14 январи соли 2020 гузаронида шуд, дар бораи натиљањои  татбиќи  сиёсати иќтисодии давлат дар 7 соли охир ва вазифањои таќвият бахшидани он мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Аз рӯи масъала сардори мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷураев А.Ш. маъруза кард.

Дар суханронии нотиқон масъалаҳои самти иқтисодӣ баён гашта, қайд гардид, ки  Паёми имсолаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар даврае пешниҳод гардид, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар мусоидат намуд.

Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфтааст.

Инчунин, дар бораи афзоиш ёфтани даромади пулии аҳолӣ, паст гаштани сатҳи камбизоатӣ, саҳми бахшҳои хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, иқдомҳои устувор ба марҳалаи нави рушд, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар, кам гаштани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, рушди гидроэнергетика, таъмини пурраи аҳолии Тоҷикистон бо нерӯи барқ, таъмин намудани кишварҳои минтақа бо нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳо ва дигар масъалаҳои вобаста масоили малбута фасл ба фасл маълумот дода шуд.

Ба хусус қайд карда шуд, ки  баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз лиҳози фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ва ё сеюм  мебарояд. Дар робита ба мавзӯи матраҳгардида саволу ҷавоб сурат гирифта баромадкунандагон ба суолҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар семинари омӯзишии оянда сиёсати иҷтимоии давлат, ки дар Паём дарҷ ёфтааст, мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Иловаи шарҳ