- Хабарҳо

Баргузории аксияи экологӣ оид ба безараргардони пеститсидҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон

Дар доираи таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри 2007, №502 «Дар бораи Нақшаи миллии иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ», таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори ҷаласаи Мушовараи Кумита, супоришҳои протоколии маҷлисҳои назоратии Раиси Кумита, Муассисаи Давлатии Маркази миллии татбиқи Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумита, дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияи ҷамъиятии «Пешсаф» дар деҳаи Шерободи ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон  аксияи экологии «Тозагии Замин аз пеститсидҳо» гузаронида шуд.

Ҳадафи асосии аксияи мазкур ин аз таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва минтақа аз таъсири номусоиди пеститсидҳо ва дигар намуди заҳрхимикатҳои истифодаашон мамнӯъ ва муҳлати истифодаашон гузашта иборат мебошад.

Тибқи маълумотҳо дар давраи солҳои 1991-1993 дар деҳаи «Шеробод», дар лаби сой  миқдори зиёди пеститсидҳо ва дигар намуди заҳрхимикатҳои истифодаашон мамнӯъ ва муҳлати истифодаашон гузашта дохили ҳандақҳо гӯронида шуда будааст, ки ба саломатии аҳолӣ ва вазъи экологӣ хатар эҷод менамуд.

Дар натиҷаи гузаронидани аксия 264,5 тонна   заҳрхимикатҳои истифодаашон мамнуъ ва  муҳлати истифодаашон гузашта, ба монанди дуст, омехтагиҳои финтурам, днок ва гербисидҳои бо хок омехта,  тибқи меъёр ва стандартҳои экологӣ барои нигоҳдории муваққатӣ ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш интиқол дода шуда, ҷойи онҳо бо 265 тонна хоки тоза рӯйпӯш карда шуд.

Иловаи шарҳ