- Хабарҳо

Кормандони Кумита ба курсҳои омӯзишии забони англисӣ фаро гирифта шуданд

Тибқи Фармоиш ва  ҳамчунин  супориши маҷлиси ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2020 ҷиҳати ташкил намудани курсҳои омӯзиши забони англисӣ байни кормандон  аз 13 январ сар карда мутобиқи ҷадвали тасдиқгашта омӯзиши гурӯҳои курсҳо вобаста ба сатҳҳо ва бо назардошти синусолӣ ба роҳ монда шуд. Мақсади асосии ташкили чунин курсҳои бозомӯзӣ  ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани сатҳи забондонии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва барои ҳимоя намудани манфиатҳои экологии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Роҳандозӣ намудани  чунин курсҳои бозомӯзӣ байни кормандони мақомоти маҳалии ҳифзи муҳити зист низ дар назар дошта шудааст.

Иловаи шарҳ