- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Рейди фаврӣ оид ба ошкор намудани ифлосшавии манбаҳои об

Нозирони Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани рейди навбатии фаврӣ далели ифлоскунии манбаҳои обро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошкор намуданд. 

Маълум гардид, ки Маркази табобатию солимгардонии  «Ҷаҳондор» партовобҳои обии худро бе тозакунии пешакӣ ба таври садамавӣ ба сойи Хоҷабақирғон партофта,  бо ин амал манбаҳои обро ифлос менамуд.

Дар натиҷа нисбати директори Маркази табобатию солимгардонии  «Ҷаҳондор» тибқи талаботи моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда,  намунаи об барои муайян намудани ифлоскунандаҳо дар таркиби партовҳои обӣ барои гузаронидани ташхиси лабораторӣ гирифта шуд.

Баъд аз маълум гардидани натиҷаи таркиби партовҳои обӣ зарар барои вайронкунии қонунгузории соҳаи об тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳисоб ва пешниҳод карда мешавад. 

 

Иловаи шарҳ