- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи Кӯли Душанбе

Санаи 11 январи соли 2020 дар мавзеи Кӯли Душанбе, ки дар самти шимолии пойтахт воқеъ аст,  бо иштироки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумии ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ҳашари мазкур кормандон аз Дастгоҳи марказии Кумита, шуъба ва бахшҳои ҳифзи мухити зисти шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода фаъолона иштирок намуданд.

Дар натиҷа 500 адад ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Корҳои сабзгардонии муҳити зист тибқи тавсияиҳои илман асоснокшудаи мутахассисон амалӣ гардида, аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ то кунун дар мавзеи мазкур беш аз 4000 чунин навъи ниҳолон шинонида шудааст.

Иловаи шарҳ