- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Шанбегӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рузи шанбе санаи 11 январ дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шанбегӣ гузаронида шуд.

 Дар он беш аз 400 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо  иштирок намуда, 5 тонна партов бароварда шуда,  40 бех дарахтони санавбар шинонида шуд.

Дар назар аст, ки то истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин корҳои ободкорию созандагӣ дар тамоми ҷамоату деҳоти ноҳияи Ашт бо маром идома меёбад.

Иловаи шарҳ