- Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Турсунзода

Ҳафтаи равон дар шаҳри Турсунзода бо иштироки корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳр  аксия «Тозагии роҳ» барпо гардид.  Зиёда 500 нафар дар аксияи мазкур  иштирок намуда шафати шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода  ва  ҷуйборҳои атрофи шоҳроҳро  аз партовҳои пластикӣ  ва партовхои маишӣ тоза карда шуда, зиёда 2 куб партовҳо ба партовгоҳи асосии шаҳр интиқол дода шуд.

Чунин аксияҳо дар ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳр ҳангоми мусоид омадани боду ҳаво идома дода мешавад. Инчунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ низ бо ронандагони нақлиётҳо ҳангоми ҳаракат напартофтани партовҳои пластикӣ  гузаронида шуд.

Иловаи шарҳ