- Хабарҳо

Тамошои дастачамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Кормандони шуъбаи  ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро чун санади муҳими фаъолият дар соли оянда тариқи оинаи нилгун тамошо карданд. 

Тавре, ки дар Паём зикр гардид, ки дар шароити пайомадҳои тағйирёбии иқлим аксари мамолики дунёро ба ташвиш овардаанд, олимони моро зарур аст, ки ба ин масъалаи глобалӣ бештар аҳаммият диҳанд. Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намоянд. Ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳаммияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи нерӯи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд. Бинобар ин, кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафари аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.

Таъкид гардид, ки дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба мо истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Иловаи шарҳ