- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Истиқболи кормандони Кумита аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 декабри соли 2019 кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисии Кумита тариқи оинаи нилгун пахши мустақими ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар баробари дигар сохтору мақомоти давлатӣ якдилона тамошо намуданд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд. Зимни ироаи Паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сиёсати ҷавонон, ҳифзи муҳити зист, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалигардонии супоришҳои дахлдор, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ баён, гаштан, Нақшаи чорабиниҳо таҳия гашта, мувофиқи он корбарӣ карда мешавад. Ҳамзамон Нақшаи чорабиниҳо оид ба омӯзиши матни Паём тасдиқ гардида, дар семинарҳои бозомӯзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат мегирад.

Иловаи шарҳ