- Хабарҳо

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар мақомоти марказии Кумита

Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳантарини мардумони ориётабор ба шумор рафта, тибқи андешаҳои баъзе муҳаққиқон нишонаҳои он ба давраи  офариниши   оламу одам рафта мерасад.  Наврӯз дар  дарозои таърихи тулонӣ марҳилаҳои гуногун ва шебу фарозҳоеро тай намуда, таомулу расму оинҳои зиёдро дарбар мегирад. Пеш аз ҳама, Наврӯз ҷашни бедории табиат, покизагии ботину зоҳири инсонҳо ва пирӯзии некиҳо бар бадиҳо мебошад.

20 марти ҳафтаи равон кормандони мақомоти марказии  ҳифзи муҳити зист чорабинии бахшида ба Наврӯзро якҷо бо кормандони  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон иштирокдорони чорабиниро ба Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, саҳми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни фархунда иқдоми басо бузург ва шоистаи ифтихори кулли тоҷикон арзёбӣ намуданд. Зимни суханони табрикотӣ Хотирнишон гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат эҳё гардидани анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли  чакану атласу адрас ва дигар анъаноти мардумӣ нишонаи эҳтироми қавии халқи мо  ба гузаштагони  пурифтихорамон мебошад.

Чорабиниро  хони «ҳафт син»-у  «ҳафт шин», маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон, ки рамзи омадани баҳор ва оғози кишту кори баҳорӣ аст, зиннат бахшида, бонувони ҳар ду тараф зери навозиши созу оҳанги мутрибон бо либосҳои чакану атлас ба ҷилва омаданд.

Барои кормандони соњањо хони наврӯзӣ густурда, ин ҷашни тақвимии соли нави ниёгонро дар сатҳи хубу хотирмон истиқбол намуданд.

Иловаи шарҳ