- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Кӯлоб

Бинобар иттилои Шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб санаи 7 декабри соли 2019 дар ҳудуди шаҳр аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар аксияи мазкур кормандони  ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб дар ҷамъи 350 нафар фаъолона иштирок доштанд. Аксия дар кӯчаи  марказии шаҳр, аз ҷумла хиёбони Исмоили Сомонӣ, назди маҳаллаҳои Нонвоии  поён ва маҳаллаи 13-ум гузаронида шуд. Иштирокчиёни чорабинӣ ба тоза намудани алафҳои бегона,  нарм ва сафед кардани бехи дарахтон машғул гардиданд.

Аксияи «Тозагии маҳал» ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри  Кӯлоб идома дорад.

 

Иловаи шарҳ