- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Баргузории ҳашари навбатии ниҳолшинонӣ дар мавзеи Кӯли Душанбе

30 ноябри соли 2019 дар мавзеи Кӯли Душанбе, ки дар самти шимоли пойтахт сохтмонаш идома дорад, ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ин чорабинӣ тақрибан 1000 бех ниҳолони дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд.

Ёддовар мешавем, ки ҳафтае қабл низ дар мавзеи мазкур ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ташкил гардида буд, ки дар он кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва алоҳида шуъбаҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои тобеи марказ фаъолона ищтирок намуда, ҳамин миқдор ниҳолони дарахтони ҳамешасабз шинонида шуда буд. 

Назорати сабзиши ниҳолони шинонидашуда зери назорати мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад.

Иловаи шарҳ