- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи тозагии маҳал таҳти унвони «Шаҳри ман – ифтихори ман» дар шаҳри Бохтар

Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар рӯзи шанбеи 30 ноябри соли 2019 дур ҳудуди шаҳр  аксияи тозагии маҳал таҳти шиори  “Шаҳри ман — ифтихори ман” баргузор гардид.

Дар чорабинии сокинони маҳаллаҳои шаҳри Бохтар, бо шумули кормандони ташкилоту муассисаҳо, донишҷӯёну хонандагон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда, зиёда аз 6000 адад ниҳоли гулҳои мавсимиро дар ҷойҳои муайяншуда шинониданд.

Бо истифода аз боду ҳавои мусоид ободонии муҳити зист дар шаҳри Бохтар бомаром идома дорад.

Иловаи шарҳ