- Хабарҳо

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 таҳти назорати доимии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор қарор дорад

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Фархор иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97, қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 майи соли 2011, №121 ва қарори раиси ноҳияи Фархор аз 8 июли соли 2011, №678 “Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор” дар ҳудуди ноҳияи Фархор 11 нуқтаи қабули лампаҳои каммасрафи аз истифода баромада ташкил карда шудааст. Аз ҷумла 1 нуқтаи марказӣ оид ба ҷамъоварии чунин лампаҳо дар идораи КДФ ХМК-и ноҳия мавҷуд аст.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахш нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори аз истифода баромада зери назорат қарор дошта, оид ба дар ҳолати безарар нигоҳ доштани он санҷишҳо гузаронида мешавад. Инчунин, дар деҳаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ  вохӯриҳо доир мегарданд.

Аз аввали сол нисбати 6 нафар, ки қарори мазкурро иҷро накардаанд,  бар асоси талаботи моддаи 223, 220-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмури тартиб дода ҷаримабанди карда шудаанд.

Бо иқдоми як нафар соҳибкори инфиродӣ дар асоси иҷозатномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 7980 дона лампаҳои симобдори аз истифода баромадаи ҷамъоваришударо барои  безараргардонӣ ва коркард ба шаҳри Душанбе интиқол дод.

Бо сокинон тариқи садову симои вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ пайваста корҳои тарғиботӣ бурда мешавад.

Иловаи шарҳ