- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита бо ҳайати намояндагии Британияи Кабир

2 декабри соли равон вохӯрии  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Гулмаҳмадзода Д. Қ. бо  Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ҷаноби Мэто Лоусон, роҳбари навтаъйиншудаи Намояндагии Вазорати рушди  ҳамкории байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Осиёи Марказӣ хонум Онор Фланаган, Мушовири калони намояндагони мазкур оид ба муҳити зист ҷаноби Шан Митра доир гардид.

Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои  муштараки  амалкунанда ва мубодилаи афкор  доир ба афзалиятҳо ва имкониятҳои ҳамкории ояндаи ҷонибҳо дар самти  ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифт.  Ҳамзамон, зимни мулоқот ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, оқибатҳои он ба рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ  таваҷҷӯҳи  хос зоҳир гардид.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасигардида баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ