- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Ҳашари умумишаҳрӣ дар Истаравшан

Бахши ҳифзи муҳти зисти шаҳри Истиравшани вилояти Суғд дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор  ба истиқболи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 30 ноябри соли равон  шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегии мазкур доираи васеи аҳолӣ, аз ҷумла кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва хонандагони  таълимгоҳҳои шаҳр ҷалб карда шуданд, ки шумораи ширкаткунандагони чорабинӣ 750 нафарро ташкил дод. Дар натиҷа 2 канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр, ба масоҳати 6 км, кӯчаҳои протоколӣ, назди хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ аз партов тоза карда шуд.

Дар рафти баргузории ҳашар 8 тонна партовҳо аз ҷойҳо ҷамъ оварда шуда, ба тариқи техникаҳои лозимӣ ба партовгоҳи расмӣ бароварда шуд.

Бо назардошти мусоидии боду ҳаво корҳои ободонии муҳити зист дар ҳудуди шаҳр идома хоҳад ёфт.

Иловаи шарҳ