- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

2 декабри соли 2019 маҷлиси набатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти зертобеи он дар ҳафтаи аз 25 то 29 ноябри соли 2019 ва вазифаҳо барои ҳафтаи аянда баргузор гашт.

Тибқи рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар ин давра сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. ҳисобот дод. Зимни қироати ҳисобот корҳои иҷрошуда ва камбудиву норасоиҳои сохторҳои марбута мавриди таҳлил қарор дода шуд.

Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Д. Қ. дар робита ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис изҳори назар намуда, оид ба  супоришҳои бандҳои протоколҳои маҷлисҳои қаблиро, ки баъзе аз онҳо бо сабабҳои гуногун иҷро нагардиданд, аз масъулини соҳа пурсон шуд.  Ба Раёсати мониторинг супорида шуд, ки мониторинги таҳлилии нишондодҳои мақомоти назоратии ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳоро нисбат ба ҳафтаи қаблӣ ва ҳамин давраи соли гузашта таҳлил намуда, сохторҳои каммасъулиятро муайян карда, ба Раиси Кумита маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.

Ҳамзамон, Раииси Кумита аз таъхири лоиҳаи Кодекси экологӣ, ки дар муҳлати муайянгардида аз ҷониби комиссияи марбута мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор нагирифтааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Дар робита ба пешбурди назорати давлатии баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки дар ҳафтаи ҳисоботӣ дар ҳамаи самтҳои соҳавӣ нишондиҳандаҳои паст доранд,  аз масъулон пурсиш ба амал оварда, иловатан супориш дода шуд, ки назорат дар ин самтҳо пурзӯр гардонида шавад.

Раиси Кумита, ҳамчунин оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳои пластикӣ, омода ва пахши видеороликҳо дар телевизион ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, таҷдиди назар ба лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо ва вохӯриҳои сатҳи баланди  дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» банақшагирифташуда,  роҳандозӣ намудани сервери Кумита ва сохторҳои тобеи он дар ҷойҳо, инчунин доир ба дигар масъалаҳои мавриди назар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, масъулонро барои иҷрои супоришҳои мазкур вазифадор  намуд.   

Дар охир бо назардошти супоришҳои додашуда ва таклифу пешниҳодҳо қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.  

Иловаи шарҳ