- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Тибқи  Нақшаи чорабиниҳои пешбинигардида дар давоми моҳи ноябри соли равон дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Б. Ғафуров, Зафаробод, Деваштич, Мастчоҳ, Ҷ. Расулов ва Шаҳристон, дар маҷмуъ 3 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксия ҳамагӣ 54,4 ҳазор нафар иштирок намуданд. Аз ҷониби иштироккунандагони аксияҳои экологӣ  корҳои тоза кардани ҷўйбор – 85,8 км, тоза намудани ҳудуд – 24,7 ҳазор метри мураббаъ, тоза намудани қадди роҳҳо – 24,4 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ – 500 метр, тоза намудани заҳбур ва канал – 1,9 км, тоза намудани майдонҳо аз алафҳои бегона – 3,2 ҳазор метри мураббаъ, сафед намудани шафати роҳравҳо – 550 метр иҷро гардид. Дар  доираи аксия ба партовгоҳҳои шаҳриву ноҳиявӣ 276,3 метри мукааб партов бароварда шуд.

Иловаи шарҳ