- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Мувофиқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо БДА Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, давоми моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Бӯстон ва шоҳроҳи Хуҷанд – Бобоҷон Ғафуров 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 55 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида шуд. Дар натиҷа нисбат ба ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёт, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаи онҳо (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ гардида, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳри Бустон ва ноҳияи Б. Ғафуров ирсол гардид.

 

Иловаи шарҳ