- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита бо Директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон ҷаноби Алберто Коррейя

26 ноябри соли 2019 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо Директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP) дар Тоҷикистон ҷаноби Алберто Коррейя доир гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи дурнамои ҳамкориҳо,  аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лозим ба ёдоварист,  ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ лоиҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия гардида, оғози амалисозии он дар нимсолаи аввали соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.  

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди назар ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ