- Хабарҳо

Корҳои тарғиботӣ баҳри ҳифзи муҳти зист дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

19 ноябри соли ҷорӣ бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон  бо мақсади пешгирӣ аз оташ задании баргҳои хазонрез  500 адад маводҳои огоҳкунандаро дар назди ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  тақсим кард. Ҳамзамон дар кӯчаи марказии ноҳия бо кормандон вохӯриҳо гузаронда ба онҳо маълумотномаҳои мавриди назар дастрас карда шуд.

Ин амал барои коҳиш додани сӯзондани баргҳои хазоншуда, ки ба саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонад, мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ