- Набототу ҳайвонот

Ярмаркаи фурўши ниҳолҳо дар маркази вилояти Суғд

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд  барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи ободонӣ ва кабудизоркунии мавсими баҳори соли 2019 тибқи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» ва Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатиро дар самти мазкур доир намуда, дар асоси амри Раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани ярмарка — фурӯши ниҳол, кӯчату тухмии гулу зироатҳо» дар шаҳри Хуҷанд як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Санаи 23 феврали соли ҷорӣ дар майдони назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмаркаи умумивилоятӣ баргузор гардид. Аз тарафи хоҷагиҳои давлатии ниҳолпарварӣ, муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали вилоят, хоҷагиҳои ниҳолпарварии шахсӣ, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ороишию сояафкан, ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо пешниҳод карда шуд.  Дар маҷмуъ, беш аз 1,2 миллион ниҳолу гул дар ярмаркаи  фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод гардид, ки аз он 625 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, 262 ҳазор бех ороишию сояафкан ва 363 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо мебошанд.

Баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ оид ба шинонидани ниҳолҳои дарахтону буттаҳои бисёрсолаи ҳамешасабз ва ороишию сояафкан вобаста ба шароити маҳал барои ободонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот, номгӯи ниҳолҳои ба талабот мувофиқ таҳия гардида, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд.

Иловаи шарҳ