- Муомилот бо партов

АКСИЯИ “ТОЗАГИИ МАҲАЛ” ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

16 марти соли 2019 дар ноҳияи Фархор аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар маљмуъ 300 нафар кормандон иштирок доштанд. Аксия дар боғи  фарҳангию фароғатии  ноҳия гузаронида шуд. Иштирокдорони чорабинӣ ба тоза намудани боғи марказӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар он, нарм намудани бехи дарахтон ва сафед кардани онҳо машғул шуданд.

Аксияи “Тозагии маҳал” дар дигар гӯшаву канори ноҳия идома дорад.

Иловаи шарҳ