- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Баррасии масъала дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳайвоноти хонагӣ аз даррандагони ваҳшӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Ба иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ санаи 8 ноябри соли ҷорӣ дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти мазкур ҷаласаи назди  муовини аввали Раиси ВМКБ  Мирзонаботов оид ба ҳамлаи гургон ва бабри барфӣ ба хоҷагиҳои аҳолӣ ҷаласаи васеъ   гузаронида шуд, ки дар он масъулони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дигар мақомоти дахлдори вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Дар ҷаласа сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят  баромад карда, доир ба зарари расонидани дарандагон ба  хоҷагиҳои аҳолӣ ва чораҳои андешидаи мақомоти мазкур дар ин самт маълумот дод.

Қайд карда шуд, ки дар ду-се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  8 ҳодисаи ҳамлаи гургон ба одамон ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 5 нафар маҷрӯҳ ва 4 нафар талаф ёфтаанд. Ба ғайр аз  талафоти ҷонӣ бар асари ҳамлаи гургон ба аҳолии ноҳияҳои Рушон, Шуғнон,  Роштқалъа ва Мурғоб хисороти моддӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар ҷаласа баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои рухдода, роҳ надодан ба талафоти ҷонӣ ва молӣ  зарур шуморида шуд, ки аз ҳисоби аъзоёни  ҷамъияти шикорчиёни ноҳияҳои зикргардида гурӯҳҳои таъсис дода шуда, барои ҳифзи аҳолӣ аз гургон сафарбар карда шаванд.

Иловаи шарҳ