- Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Дар аксия беш аз 100 нафар сокинони ҷамоат ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  иштирок намуданд. Дар натиҷа кӯчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод ва 3 километр ҷӯйбори ноҳия аз партовҳо тоза гардид. Дар маҷмуъ, 11 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.

Чунин аксияҳои экологӣ ба хотири ҳифзи муҳити зист  ҳар ҳафта дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ