- Хабарҳо

Ҷамъомад бахшида ба Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

4 ноябри соли 2019 дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон бахшида ба 25-солагии Рӯзи қабули Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки тамоми кормандони Раёсат дар мавзӯи «Конститутсия ҳамчун санади асосии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол» ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад қайд гардид, ки таҳти Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо азму иродаи якдилонаи шаҳрвандони кишварамон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рўйдод  дар таърихи миллати тоҷик воқеаи нодиру фараҳбахш мансуб шуда, барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат  нақши босазо бозид. Барои беҳтар намудани зиндагии шоиста ва ба талаботи байналмиллалӣ ҷавобгӯй будан тариқи райпурсиҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба хилофи Конститутсия  ҳастанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

 

Иловаи шарҳ