- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон

5 ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ барпо гашт.

Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ кормандону мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зистро ба муносибати ин санаи сарнавиштсоз табрику муборак бод намуд. Зимни сухани табрикотӣ Раиси Кумита таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи  4 ноябр ироа доштанд, равона сохт.

Қайд гардид, ки Конститутсия санади муҳимтарин барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ маҳсуб гардида, эътибору нуфузи он боз дар он таҷассум меёбад, ки он ба тариқи раъйпурсии умумиқалқӣ ва бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидааст.

Қайд гардид, ки Канститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст ва ба он  26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.  Ин тамоюли иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои муайяни қонунгузорӣ мувофиқ гардонидани паҳлуҳои дигари ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дар умум барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи   аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ