- Хабарҳо

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати вилояти Суғд

4 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси кормандон доир гардид. Дар оғози маҷлис муовини сардори раёсат Абдумаликзода Б. ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар зарфи 25 сол Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон ҳамчун таҷассумгари арзишҳои инсондӯстиву сулҳпарварӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд рушду тавсеаи кишварро таъмин намуда, раванди давлатдории миллиро таҳким бахшид. Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва институтҳои ҳуқуқӣ дар қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст.

Баромадкунандагони дигар оид ба моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллии он суханронӣ намуданд.

Дар рафти маҷлис ҳамчунин гуфта шуд, ки дар давоми 25 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд. Ҳар як моддаи он танҳо ба хотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст.

Иловаи шарҳ