- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

5 ноябри соли равон маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита оид ба натиҷаҳои баъолияти сохторҳои Дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Кумита дар шаҳру ноҳияҳо барои ҳафтаи сипаригашта доир гашт. Маҷлис таҳти раёсати Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Д. Қ. сурат гирифт.

Раиси Кумита вобаста ба  камбудиву норасоиҳои соҳа ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки тибқи маълумотҳои дастрасшуда  дар баъзе шаҳру ноҳияҳо баргузории аксия дар мавзӯи  «Пиряхҳои худро ҳифз намоем», ки тибқи фармоиши Раиси Кумита аз 16 октябри соли 2019, №83 сурат гирифт, дар сатҳи зарурӣ гузаронида нашуд. Бинобар ин, ба масъулони соҳавӣ супорида шуд, ки сабабҳои каммасъулиятии сардорони шуъба ва бахшҳои мавриди назарро таҳлил ва аниқ намуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба Раиси Кумита маълумоти мушаххас пешниҳод карда шавад.

Ҳамзамон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои пешгӯии дурусти боду ҳавои кишвар, таҳия ва пешниҳоди  лоиҳаҳои нав дар самти ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла беҳтар намудани ҳолати  чарогоҳҳо, пешгирӣ аз маълумотҳои барғалат дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи    расмии Кумита, ташкил ва баргузории ҳарҳафтаинаи  аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, инчунин оид ба масъалаҳои дигари ҳалталаби соҳавӣ дар ҷумҳурӣ ибрози андеша намуда, барои  ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони иҷро супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар охир, аз рӯи масъалаҳои баррасигардида тибқи рӯзномаи маҷлис қарори дахлдор дахлдор қабул карда шуд, ки барои чораҷӯӣ ба зерсохторҳои Кумита дар ҷойҳо фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ