- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Семинари омӯзишӣ оид ба тарзи шинонидани гулҳои мавсимӣ дар шаҳри Бохтар

31 октябри соли 2019 дар маҳаллаи Садриддин Айнии  шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо иштироки корманди раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  ва дигар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинари омӯзишӣ оид ба тарзи шинонидани гулҳои мавсимӣ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин сарсабзу гулгулшукуфон намудани шаҳр ва омӯзонидани тарзи дурусти шинонидани гулҳои мавсимӣ мебошад. Мутахассисон, гулкорони моҳири шаҳр тарзи дурусти шинонидани гулҳои мавсимиро ба иштирокдорон нишон доданд.

Ташкили чунин семинарҳо барои сабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаву канори Ватанамон ва ҷиҳати пешгирӣ аз хушкшавии бармаҳали гулҳои шинонидашуда мусоидат менамояд.

Иловаи шарҳ