- Хабарҳо

Баргузории аксияи навбатии «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи ҷашни сазовори  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи сипаришуда дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аксияи навбатии «Тозагии маҳал» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии дастҷамъона,  ки бо ҷалби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикстон сурат гирифт, дар маҷмуъ 120 нафар фаъолона иштирок карда, 3,2 куб партов ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Иловаи шарҳ