- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар ноҳияи Вахш

26 октябри соли 2019 ҷиҳати иҷрои  фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2019, №83 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аксия дар мавзӯи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади амалӣ гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш сурат  гирифт, ки дар  он 60 нафар устодону хонандагон, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд. Дар чорабинӣ дар васфи ҳифз намудани пиряхҳо, об ва табиати зебои кишварамон суханронӣ ва шеърхониҳо сурат гирифт.

Дар охир фаъолони чорабинӣ бо ифтихорномаи бахши  ҳифзи муҳити зисти ноҳия қадрдонӣ гардидад.

Иловаи шарҳ