- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Гузаронидани амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон

Мувофиқи Нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар якҷоягӣ бо БДА РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади назорати давлатӣ ва кам намудани партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар давоми моҳи октябри соли равон 2 маротиба амалиёти «Ҳавои тоза» дар шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Ҳангоми баргузории амалиёти мазкур санҷиши партовҳои моддаҳои зарарнок аз 71 адад воситаи нақлиёти тамғаашон гуногун гузаронида, дар натиҷа нисбат ба ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёт, ки ихроҷи моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ намуда, меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар айни замон протоколҳои мазкур барои чораандешӣ ба шуъбаи БДА-и шаҳри Гулистон ирсол гардид.

Иловаи шарҳ