- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2019, №83 дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия ва намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳия аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» баргузор гардид.

Дар аксияи мазкур 500 нафар омӯзгорон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ризокорон бо яктагҳои махсус, ки дар он расми пирях бо навиштаҷот – номи аксия тасвир ёфтааст, фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар рафти аксия озмун байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия қадрдонӣ карда шуданд. Назди бинои МТМУ №1, ки макони баргузории чорабинӣ буд, бо шиору овезаҳои таблиғотӣ оро дода шуд. Баргузории чорабинии мазкур ба тариқи ВАО-и маҳаллӣ инъикос гардид.

Иловаи шарҳ