- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Чорабинӣ дар мавзӯи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2019, №83 дар бораи баргузор намудани аксия оид ба «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» чорабинии таблиғотӣ доир намуд. Дар чорабинӣ, ки санаи 22 октябри соли ҷорӣ дар ҷамоати Лангари ноҳия доир шуд, доираи васеи аҳолӣ иштирок намуданд.

Ба иштирокдорони фаъоли чорабининӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 

Иловаи шарҳ