- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Аксияи “Пиряхҳои худро ҳифз намоем” дар ноҳияи Кушониён

Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2019, №83 дар бораи баргузор намудани аксияҳои “Пиряхҳои худро ҳифз намоем” бо мақсади иҷрои банди 5-и протоколи №9 маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2019 ва амалигардонии Нақша-чорабиниҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилаллии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” санаи 26 октябри соли 2019 аксияи “Пиряхҳои худро ҳифз намоем” гузаронида шуд. Аксияи мазкур бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кушониён амалӣ гардид.

Дар аксияи мазкур 400 нафар хонандагони муассисаҳои дигари ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Дар чорабинӣ таҳти мавзуъҳои вобаста обу пиряхҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани табиат бо маърӯзаҳо баромадҳо карда шуда, шеърҳо қироат гардид. Ҳамчунин вобаста ба мавзӯи мавриди назар саҳначаҳо намоиш дода шуд. Дар интиҳо, ғолибон ва фаъолони чорабинӣ бо ифтихорномаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Иловаи шарҳ