- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар вилояти Суғд

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои пешбинигардидаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар давоми моҳи октябри соли равон бахшида ба «1300 рузи меҳнати зарбор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар миқёси шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан ва Айнӣ, дар маҷмӯъ 3 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардидааст.

Дар рафти аксия 5492 нафар кормандони касбукори гуногун, донишҷӯёну хонандагон ва табақаҳои дигари ҷомеа иштирок намуда, дар натиҷа як қатор корҳо, аз қабили тоза кардани чӯйбор — 19,4 км, тоза намудани қадди роҳҳо — 6,8 км, тоза намудани соҳилҳои обӣ — 2,9 км, тоза намудани заҳбур ва канал — 5 км, баровардани партов — 64,2 метри мукааб ба сомон расонида шуд.

Дар баробари ин баҳри ҳифзу беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи маърифтаи экологии аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо низ гузаронида мешавад.

Иловаи шарҳ